Арзу шикоят Харита Ҷадвал

СОМОНА ЧӢ ТАВР КОР МЕКУНАД?

Ба диққати Шумо – се тугмача, барои масъалаҳои зерин мададгор хоҳанд шуд:

Тугмачаи «Арзи шикоят». Онро пахш намуда,  минтақаро интихоб кунед ва дар саҳифаи пайдошуда арз ва ё муроҷиати худро доир ба ҳолатҳои поймолгардии ҳуқуқҳои Хеш, ҳамчун истеъмолкунанда фиристед, мо ҳатман ба Шумо кӯмак мерасонем.

Тугмачаи «Харита». Мехоҳед  вазъиятро доир ба таъмини қувваи барқ дар ҷумҳурӣ, дар  минтақаҳо пайдо намоед, пас ин тугмачаро пахш кунед, харита пайдо хоҳад шуд, санаро интихоб намоед ва маълумотро оид ба вазъият дар санаи интихобкардаатон пайдо намоед, минтақаро интихоб намуда, Шумо метавонед вазъиятро дар минтақаҳо пайдо кунед. Аз рӯи интихоб Шумо метавонед вазъияти минтақаҳоро дар алоҳидагӣ бубинед. Ноҳия ва минтақаҳо бо рангҳое рӯйпӯш карда шудаанд, ки мутобиқи онҳо вазъияти хуб ва бадро оид ба таъмини қувваи барқ муайян кардан мумкин аст.

Тугмачаи «Ҷадвал». Чунин маълумотҳоро низ оид ба таъмини қувваи барқ Шумо метавонед дар шакли ҷадвал пайдо намоед. Сана, давра, минтақа ва ё минтақаҳоро  интихоб намоед ва маълумотро барои як, ду, се моҳ аз лаҳзаи корбарии сомона, дарёфт кунед.